Қочоқбарони афғон, ки аввали моҳи декабри соли 2017 Хайриддин Аҳтамов, полковники нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштанд, бо гурӯҳе аз маҳбусони тоҷик дар тамос буда, интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз дохили зиндон раҳнамоӣ мекарданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомоти тафтишотӣ, ки ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, дар ҷараёни тафтиш мушаххас кардаанд, ки аз дохили зиндоне дар Душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Афғонистон кори гурӯҳи қочоқбаронро раҳнамоӣ мекарданд.

Қочоқбароне, ки шаби 2-уми декабр Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро кушта, чор сарбозу афсарро маҷрӯҳ намуданд, дар ҷои ҳодиса 33 кг маводи мухаддир ва чор автомати “Калашников”-ро гузошта ба Афғонистон фирор карданд.

Як манбаи огоҳ аз ин парванда рӯзи 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, се зиндоние, ки ҷараёни қочоқро аз пушти панҷара танзим мекарданд, бо қочоқбарон бо телефони мобил тамос доштанд ва бар асоси раҳбаладии онҳо қочоқбарони афғон мебоист маводи мухаддирро ба қочоқбарони тоҷик таслим мекарданд.

Нисбат ба ин се нафар, ки бар асоси моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ адои ҷазо менамуданд, такроран парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Зимнан, афроде, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар озодӣ қочоқбаронро бояд пешвоз мегирифтанд, феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

“Ҳам қочоқбарони афғон ва ҳам маҳбусон аз симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода кардаанд. Ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст”, - гуфтааст як манбаи огоҳ аз ҷузъиёти парванда ба шарти ифшо нашудани номаш.

Гуфта мешавад, дар зиндонҳои Тоҷикистон истифода аз телефонҳои мобил мамнӯъ аст, вале гоҳ-гоҳ гузоришҳо мерасад, ки маҳбусон бо роҳи ғайриқонунӣ ба телефони мобилӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки як тан аз раҳбаладони гурӯҳи кочоқбарон сокини 29-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, панҷ сол боз дар зиндон қарор дорад.