Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки муоинаи тибби наваскарон то оғози мавсими даъват гузаронида шавад.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, раисони ноҳияҳо, шахсони масъули мақомоти шаҳрдорӣ Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ва комиссари ҳарбии пойтахт уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагони пешбинишуда, то санаи 1 октябри соли 2018 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ғайр аз ин, ба шахсони дар боло зикргардида дастур дода шуд, ки омӯзиши шаҳрвандони сину соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд.

Қобили зикр аст, ки бо фармонҳои Президенти мамлакат аз 1 октябр то 30 ноябр ва аз 1 апрел то 31 май дар саросари ҷумҳурӣ маъраакаи даъвати шаҳрвандони синнусоли хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.