Дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи марбут ба фурӯши шиносномаҳои давлати вуҷуднадоштаи ҷазиравии ASPI мавриди тафтиш қарор дорад. Ин тиҷорати сердаромадро шаҳрванди Русия, собиқ капитани шиноварии дурмасофа Валерий Суханов роҳандозӣ намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Консули Ҷазираи озоди шоҳигарии ASPI мебошам. Дар ба даст овардани шаҳрвандӣ ва бақайдгирӣ кумак мекунам”, - навишта шудааст чунин матн дар варақаи маълумотнома (визитка)-и қаллоб, ки дар бозори Сеннийи Петербург тақсим мекардааст.

Суханов аз мизоҷони худ изи ангуштонашонро гирифта, барои онҳо ҳуҷҷат таҳия мекардааст. Гузашта аз ин, вақте барои “ҳамватанон”-аш дар мақомоти пулис ягон мушкилӣ пайдо мешудааст, ӯ барои ҳалли он ба шуъба меомадааст.

Ба ҷуз шиноснома, ба бастаи ҳуҷҷатҳо шаҳодатномаи ронандагии давлати ASPI низ дохил будааст. Барои ин ҳуҷҷатҳо ӯ пардохти 100 ҳазор рублро дархост мекардааст.

Гуфта мешавад, ба харидории чунин шиносномаҳо асосан зодагони Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хоҳишманд будаанд. Айни замон 6 нафар харидорони ин ҳуҷҷатҳои сохта муайян карда шудаанд.

Консули қалбакӣ Валерий Суханов феълан таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист қарор дорад. Ӯ гуфтааст, “давлат”-аш дар саросари ҷаҳон аллакай 60 ҳазор нафар шаҳрванд дорад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”, Суханов макони таваллуди худро шаҳри Душанбе нишон дода, "ҷазира -кишвар"-и худро дар миёнаҳои Уқёнуси Атлантик нишон додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.