Дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар пойтахти кишвар аз дарёи Душанбе мошини сабукрави тавлиди Русияро берун кашиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, хабар дар мавриди ин ҳодисаи нохӯш ба қисми навбатдории Кумита аз ронандаи мошин расид. Вай хабар дод, ки мошини сабукрави  ГАЗ 31-02 дар канори Душанба ба оби рӯдхона фурӯ рафт.

Гуфта мешавад, кормандони наҷот худи ҳамон замон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои аз об беозору безарар берун кашидани мошин кормандони КҲФ-ро лозим омад аввал сангу сангрезаҳоро бо дастонашон тоза кунанд, буттаҳоро буранд ва баъдан мошинро бо ёрии лебедка берун кашиданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, ҳангоми ин ҳодисаи нохӯш ва ин садамаи пурхатар касе  осеб надид, чун мошин холӣ буд. Ронанда ҳангоми ист фаромӯш карда буд, ки мошинашро дар тормузи дастӣ нигоҳ дорад, аз ин рӯ “Волга” ба дарё рафт.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.