Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ байни ҳукумати ҶТ ва ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» ва ҶДММ «Пакрут» оид ба истихроҷи кони «Пакрут» созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», созишномаро аз номи Ҳукумати ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз ҷониби Ширкати «Крисо Ресурсиз Лимитед» Юй Чжунчин ва аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» Ли Ююй имзо намуданд.

Акс аз Кумитаи давлатии сармогузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Гуфта мешавад, тибқи ҳуҷҷати мазкур сармоягузории сохтмон ва истифодаи кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ (дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳазор тонна дар як сол ва дар марҳилаи дуюм низ 660 ҳазор тонна дар як сол), беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин лоиҳаи сармоягузориро ба сомон расонида, ҷиҳати амалигардонии ин корҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» барои пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 180 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.