Бонки осиёгии рушд (БОР) намояндаи нави доимии худро дар Тоҷикистон таъин кард. Ба сифати намояндаи нави бонк Прадип Сривастава (Pradeep Srivastava) ба кор шурӯъ намуд.

«БОР ва Тоҷикистон шарикии зич дошта, ман ба тақвияти минбаъдаи он умедворам ва бесаброна кор бо ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикону ҷонибҳои манфиатдорро оид ба дастгириии афзалиятҳои рушди кишвар интизорам», - гуфтааст намояндаи нави бонк.

Дар вазифаи худ Сривастава ба фаъолияти намояндагии БОР дар Тоҷикистон дар доираи шарикии стратегии ҷонибҳо роҳбарӣ мекунад, ки ба кумак барои расидан ба рушди устувор ва фарогир ва камтар осебпазир ба хатарҳои беруна равона шудааст.

Прадип Сривастава шаҳрванди Ҳиндустон аст. Аз соли 2005 ба фаъолият дар БОР шурӯъ намуда, то таъиноти мазкур сариқтисодчии бонк дар департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ буд, ки ба барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) сарварӣ мекард. Дар Донишгоҳи Йелл дар Коннектикут (ИМА) ба дараҷаи доктори иқтисод ва дар Донишгоҳи амрикоии Вашингтон ба дараҷаи магистри иқтисод мушарраф шудааст.

Прадип Сривастава дар ин мансаб Си.Си.Ю.-ро иваз кард, ки моҳи апрел ба рисолати беш аз чорсолаи худ дар Тоҷикистон анҷом бахшид.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти БОР дар Тоҷикистон ба беҳбуди вазъи зербино, ислоҳи муҳити сармоягузорӣ ва беҳтар кардани амнияти ғизойӣ нигаронида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.