Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди таъмиру навсозӣ Нерӯгоҳи хурди барқи обии «Техарв» бо иқтидори 450 киловатт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи обӣ роҳбарияти вилояти Бадахшон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова зикр намуд, ки барои навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир васлу насб кардани  нерӯгоҳ 1 млн. доллар  сарф шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди мавриди истифода қарор гирифани ин нерӯгоҳ  имкон даст дод, ки сокинони ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Ванҷ бо қувваи барқи доимӣ таъмин шаванд.