Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи реклама»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуд, ки мутобиқи он минбаъд дар кишвар сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизиону радио сарфи назар шакли моликияташон манъ мешавад.

Ба гуфтаи вакил Олим Салимзода, ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои имрӯз қабулшуда минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот дар ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи ҳама гуна рекламаи маҳсулоти худ маҳрум мешаванд.

Ҳеҷ кадоме аз вакилони овоздода ҳатто таваҷҷуҳе зоҳир накард, ки чунин тағйироту иловаҳо бо кадом мақсад қабул мешаванд. Танҳо як вакил бо шарти ифшо нашудани ному насабаш ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки фазои иттилоотии кишваррро аз таъсири нерӯҳои беруна ҳимоя кунад».

Тағйироту иловаҳо ҳамчунин зикри истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ва машруботро низ манъ мекунанд, ҳатто агар онҳо дар ин ё он чорабинӣ саҳм гузошта бошанд.

«Пештар зикри маҳсулоти онҳо манъ буд, акнун зикри худи ширкате, ки маҳсулоти тамоку ё машрубот истеҳсол мекунад, низ манъ шуд», - хабар дода буд қаблан ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.