Мушовирони ширкати байнулмилалии Alvarez&Marsal аллакай муддати як ҳафта аст, ки ба таҳлили вазъи ҷории «Тоҷиксодиротбонк» машғуланд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти бонк, гурӯҳи мушовирони Alvarez&Marsal  иборат аз 7 нафар аз 23 май дар Тоҷиксодиротбонк ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Ширкати мазкур ба таҳияи нақшаи солимгардонии вазъи молиявии бонк машғул шуда, ин корҳо дар доираи дастгирии технкии Бонки аврупоии таҷдиду рушд амалӣ мешавад.

Мушовирони Alvarez&Marsal айни замон вазъи молиявии «Тоҷиксодиротбонк»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, бо анҷоми ин корҳо доир ба роҳу воситаҳои пурсамари солимгардонии вазъи бонк тавсияҳо пешниҳод хоҳанд кард.

«Бонк соли 2016-ро бо натиҷаи манфӣ чамъбаст намуда буд, вале фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли равон бо нишондиҳандаи мусбати  5,7 млн. сомонӣ ҷамъбаст намуд, ки ин яке аз нишонаҳои рӯ ба солимгардонӣ ниҳодани вазъи молиявии бонк ба ҳисоб меравад, - изҳор доштааст дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор раиси Раёсати «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин Пирзода.

Пирзода зикр кардааст, ки феълан бонк фаъолияти худро дар доираи Стратегияи аввали сол таҳияшудаи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2019 ба роҳ мондааст.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии машваратии “Alvarez&Marsal” Николай Кузнетсов масоили марбут ба вазъи кунунии ин бонкҳо баррасӣ шуданд.

«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» аз оғози соли гузашта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ назди мизоҷон баромада наметавонанд. Маъмурияти муваққатии БМТ соли гузашта ба ислоҳи вазъ дар ин бонкҳо шурӯъ карда, ҳукумат низ ба ин бонкҳо ҷиҳати ислоҳи вазъ дар маҷмӯъ 3 млрд. 320 млн. сомонӣ кумак кард.

Alvarez & Marsal (A&M) яке аз ширркатҳои пешсафи ҷаҳон дар соҳаи идораи зиддибуҳронӣ, лоиҳаҳо оид ба бозсозӣ, муфлисшавӣ ва беҳбуди самаранокии амалиётӣ мебошад. Ширкат дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Шарқи Наздик, Осиё ва Амрикои Лотинӣ кор мекунад.