Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии миллии Туркманистон - «Turkmenistan Airlines»  имрӯз ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Парвози озмоишӣ бо хатсайри Ашқобод - Душанбе - Ашқобод беш аз 100 нафар мусофирон - намояндагони як қатор вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистонро ба Душанбе овард.

Тавре хабаргузории давлатии ТДХ иттилоъ медиҳад, имрӯз дар Душанбе намояндагони хатсайрҳои ҳавоии Туркманистон ва ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон» бо ҳамтоҳои тоҷики худ масъалаҳои роҳандозии хатсайри мунтазами ҳавоӣ миёни Ашқобод ва Душанберо баррасӣ мекунанд.

Гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон баргузор мешаванд, ки дар он ҳамчунин ба масолии таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ҳамин рӯз «Боинг»-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Turkmenistan Airlines» бо ҳайати ҳунармандону эҷодкорони Тоҷикистон бозпас ба Ашқобод бармегардад. Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ширкат хоҳад варзид, ки аз 12 то 15 июн дар Ашқобод ва дигар шаҳрҳои ин кишвар доир мегардад.

Ширкати ҳавопаймоии «Turkmenistan Airlines» соли 1992 таъсис ёфта, ба 16 шаҳрҳои ҷаҳон - - Анқара, Амритсар, Алмаато, Бангкок, Бирмингем, Деҳлӣ, Дубай, Қазон, Лондон, Минск, Москва, Пекин, Париж, Санкт-Петербург, Истамбул ва Франкфурти назди Майн мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.