Ҳукумати Тоҷикистон ду қарор қабул намуд, ки мутобиқи он Кумитаи алоҳидаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 май дар бораи тақсими Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат ба ду мақомоти ҷудогона қарор ба имзо расонид.

Дар қарори таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки шумори ҳадди ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии ин Кумита бидуни ҳайати коргарони хизматгузор 32 нафарро ташкил хоҳад дод.

Ба Кумитаи мазкур иҷоза дода шудааст, ки 2 муовини раис (1 муовини аввал) ва ҳамчунин ҳайати мушовара (коллегия) иборат аз 7 нафарро дошта бошад. Барои Кумитаи нав дар ихтиёр доштани 4 автомашинаи сабукрави хизматӣ иҷозат дода шудааст.

Маблағгузорӣ барои дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар воситаҳо дар мувофиқа бо Вазорати молия сурат мегирад.

Дар муддати ду моҳ Кумита бояд оид ба ворид намудани тағйироту илова ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҶТ пешниҳодҳо таҳия намояд. Ҳамчунин бояд шуъба ва бахшҳои Кумита дар сохторҳои мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар ҳайати 44 штати корӣ таъсис дода шаванд.

Дар қарори дигар доир ба таъсиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ шумори ҳадди ниҳоии кормандони ин Кумита, аз ҷумла кормандони дастгоҳи марказӣ бидуни ҳайати коргарони хизматгузор 272 нафар муқаррар шудааст.

Ба Кумитаи мазкур иҷоза дода шудааст, ки 3 муовини раис (1 муовини аввал) ва ҳамчунин ҳайати мушовара (коллегия) иборат аз 7 нафарро дошта бошад. Барои Кумита ҷавонон ва варзиш дар ихтиёр доштани 8 автомашинаи сабукрави хизматӣ, аз ҷумла 4 автомашина барои дастгоҳи марказӣ иҷозат дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.