Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабикаҳои ченакии тиллоро, ки дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд, ба муомилот баровард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, нархи фурӯши сабикаҳо  тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, дар муайян кардани нарх хароҷотҳои воқеӣ барои тайёр намудани сабикаҳои ченакӣ (бо тарҳи арзиши металли қиматбаҳо), хароҷоти нақлиёт, суғурта, барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра низ ба инобат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории БМТдар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад.

Барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ - ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бояд пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки фурӯши сабикаҳои чинакии тилло бо арзи миллӣ - сомонӣ сурат мегирад.