Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо ширкати Боинг дар масъалаи харидории ду адад ҳавопаймоҳои нави Боинг 737 MAX музокирот гузаронида истодааст.

Муаррифии ҳавопаймои навъи мазкур ба роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳайати Директори генералӣ Томас Ҳаллам, Директори тиҷоратӣ Валиев Абдулқосим, Директори парвозӣ Гари ДеСпейн, Директори техникӣ Раҳимов Баҳодурҷон ва Роҳбари хадамоти роҳбаладон Бригитта Уэйрем дар таърихи 15 июн дар Душанбе аз ҷониби Директори минтақавии ширкати Boeing оид ба амалиётҳои тиҷоратӣ, фурӯш ва дастгирӣ Дэниел Л. Миллер гузаронида шуд.

Ҳавопаймои нави манзургашта бештар замонавӣ буда, дар баробари ин бароҳат мебошад ва имкон дорад 200 мусофирро дар дохили ҳавопаймо ҷойгир кунад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хоҳиши худро барои харидории ду адад ҳавопаймоҳои Боинг 737 MAX баён намуд. Бино ба гуфтаҳои ҳайати роҳбарикунандаи ширкати ҳавопаймоӣ, харидории навъи мазкури ҳавопаймоҳо метавонад самти парвозҳоро зиёд намояд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Ҳоло парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.