Амволи «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дар Душанбе ба фурӯш гузошта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, музоядаҳо ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа доир гардида, дар он ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Маъмури «Тоҷпромбонк», ки мавриди барҳамдиҳӣ қарор дорад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи хоҳишмандони манфиатдор ва харидорони амволи бонк дар фурӯш, ки музоядаи аввали он субҳи имрӯз доир гардид, иштирок карда метавонанд.

«Иштирокчиёни аввал амволро интихоб карда, сипас барои иштирок дар музояда ба хазинаи бонк 1700 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, - иброз дошт ӯ. - Агар иштирокчии савдо ғолиб ояд, ин маблағ аз ҳисоби амволи фурӯхташуда ҳисоббаробарӣ мешавад, вале агар шахс ғолиб наояд, ин пулро ба ӯ бармегардонанд».

Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки хоҳишмадони иштиро кардан дар савдо метавонанд ба дафтарҳои кории марказии «Тоҷпромбонк» - бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 22 ва «Фононбонк» - кӯчаи Турсунзода муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаҳои анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.

Ҳукумат эълон карда буд, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.

Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.

Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.

Ба рӯйхати дороиҳои «Фононбонк» 37 иншоот - бинои Сарбонк, чор бинои филиалҳои бонк, хонаҳову ҳавлӣ, дигар манзилҳои зист ва ғайра дохил шудааст.