Муддати якуним соли охир беш аз 8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ҷойҳои кории худро аз даст доданд, ки асосан хизматчиёни бонкӣ ва кормандони созмонҳои байнулмилалӣ мебошанд. Акнун онҳо бекор монда, ба гирифтани кумакпулӣ ҳуқуқ доранд, аммо давлат ба пардохти он имкон надорад.

“Онҳо маоши баланд мегирифтанд. Мо чунин имкон надорем, ки ба онҳо мақоми бекорӣ дода, ҳамаашонро бо кумакпулӣ таъмин созем”, - иброз дошт зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода.

Ба қавли ӯ, кумакпулӣ маъмулан ба бекорони расман сабтшуда дар муддати се моҳи баъди аз кор озод шуданашон пешниҳод мегардад. Кумакпулӣ дар моҳи аввал - ба андозаи 50%, моҳи дуюм - 40% ва моҳи сеюм - 30% аз ҳаҷми музди меҳнати охирин пардохт карда мешавад.

“Айни замон Тоҷикистон ба таъмини собиқ кормандони бонк ва созмонҳои байнулмилалӣ бо кумакпулӣ қудрат надорад, зеро онҳо маоши баланд мегирифтанд”, - қаййд кард вазир.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон шумори гирандагони кумакпулӣ барои бекорон дар Тоҷикистон каме бештар аз 5 ҳазор нафар ва шумори умумии бекорони расман сабтшуда зиёда 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Муроҷиатҳо оид ба масъалаи гирифтани кумакпулӣ барои бекорон хеле зиёд буда, дар навбати аввал мо кӯшиш мекунем, ки ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргаштаро таъмин созем, зеро чунин мешуморем, ки дар ин давраи зиндагӣ онҳо ба кумак бештар ниёз доранд, - изҳор дошт номбурда. - То охири сол шумори гирандагони кумакпулӣ барои бекоронро то ба 6 ҳазору 250 нафар расониданием”.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли гузашта бар асари буҳрон ҳазорон кормандони бонкҳои кишвар бекор монданд. Тайи якуним соли охир ду бонки ҷумҳурӣ муфлис ва боз ду бонки дигар ба ихтисори шумори назарраси ҳайати шахсӣ маҷбур гардида, танҳо дар як “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 1 ҳазор нафар кормандон ихтисор шуданд.