Дар Вазорати молияи Тоҷикистон вохӯрии муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода бо намоянлагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии намояндаи доимии Бонк дар Душанбе Ян-Петер Олтерс доир гардид.

Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳадафи аслӣ аз ин мулоқотро баррасии масоили таҳияи Барномаи дастгирии ҷамоатҳо дар чаҳорчӯби Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) унвон кардааст.

«Ба масъалаҳои марбут ба маблағгузорӣ ва амалисозии Брномаи дастгирии ҷамоатҳо, аз ҷумла механизми ҷараёни хароҷоти воситаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», - хабар медиҳад котиботи Вазорати молия.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муҳимияти амалисозии Барномаро барои афзоиши дастрасӣ ба хизматгузорӣ дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунӣ, бунёди зербинои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин таҳкими имконоти худидоракунии маҳаллии ҷамоатҳо дар минтақаи фарогир таъкид карданд.

«Бо натиҷаирӣ аз мулоқот Ҷамшед Каримзода ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 ва ҳамчунин дар чаҳорчӯби ҳамаи сандуқи сармоягузории Бонки мазкур итминон изҳор намуд», - омадааст дар маълумот.