Ояндаи наздик дар пойтахт низоми автоматии назорат ва баҳисобгирии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ шуда, аҳолиро лозим меояд, ки барои истифодаи барқ маблағ пешпардохт намояд.

Дар қарори ҳукумат аз 28 июли соли 2017 дар ин робита қайд мешавад, ки оид ба ҷорӣ сохтани низоми биллингӣ ва коҳиши сатҳи талафот, ҳамчунин беҳбуди вазъи ҷамъоварии маблағҳои истифодаи барқ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он ба ҳукумати Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод карда шавад.

Низоми биллингӣ ҳамаи ҷараёни марбут ба анҷоми баҳисобгирӣ бо истеъмолгарони барқ шурӯъ аз баҳисобгирии барқи истифодашуда ва то ҳисобу китоби пардохтҳои аз ҷониби мизоҷ анҷомдодаро фаро мегирад.

Дар шарҳи ин масъала ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, ки ҷорӣ намудани низоми биллингӣ аз шаҳри Душанбе оғоз мегардад, ҳарчанд ин низомҳо қаблан ба таври озмоишӣ дар шаҳрҳои Сарбанду Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ низ ҷорӣ шуда буданд.

«Дар Хуҷанд бо роҳандозии низоми автоматӣ смарт-ҳисобкунакҳо (зеҳнӣ) низ гузошта шуданд, ки се сатҳи ҳимоя доранд ва дар шаҳри Сарбанду ноҳияи Рӯдакӣ бошад, ҳисобкунакҳои электронии оддӣ бо чипҳо насб шуданд», - гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, зимни насби смарт-ҳисобкунакҳо ширкати таҳвилгари барқ аз хизматрасонии нозирони барқ даст мекашад, ки айни замон ба пешниҳоди расидҳо (квитансия), назорати пардохти маблағ ва дар сурати қарзи зиёд, қатъи интиқоли барқ ба истеъмолгар машғуланд.

«Дар Хуҷанд айни замон қариб ҳамаи нозирони барқ ба кори дигар гузаронида шуда, дар шаҳри Сарбанду ноҳияи Рӯдакӣ онҳо алҳол ба иҷрои кори худ машғуланд», - иброз дошт манбаъ. - Ҳисобкунакҳои зеҳнӣ маълумотро барои коркард ва пешниҳоди ҳисоб ба низоми биллингӣ фиристода, шабакаҳои барқи Хуҷанд бо шуъбаи маҳаллии почта ҷиҳати ҳар рӯзи аввали моҳ ба истеъмолгарон фиристодани расидҳои чопшуда қарордод ба имзо расонидааст».

Бино ба гуфтаи манбаъ, алҳол дар Душанбе ивази ҳисобкунакҳо пешбинӣ нагардида, танҳо дар ҳисобкунакҳои мавҷуда чип насб карда мешавад, ки маблағи пардохтшуда ва ҳаҷми барқи истифодашударо ҳисоб мекунад.

Дар ҳолати ҷорӣ шудани низоми биллингӣ маблағи пешпардохт барои истифодаи нерӯи барқро бо рақами идентификатсионии истеъмолгар танҳо дар шуъбаҳои «Амонатбонк» метавон анҷом дод.

«Агар дар тавозун (баланс)-и шумо маблағ тамом шуда бошад, лимити муайяни қарз дода мешавад, ки ба мисли гуфтугӯи телефонӣ бо қарз аст, яъне шумо то маблаги муайяне барқро истифода бурда метавонед, вале бо анҷоми истифодаи ҳамаи тавозун, ба телефони истеъмолгар смс-огоҳинома меояд, ки дар он муҳлати қатъи интиқоли барқ дар сурати минбаъд пардохт нашудани маблағи он зикр мегардад», - шарҳ дод манбаъ.

Ҳамчунин ёдрас шуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ намояндагони ширкати таҳвилгари барқ бидуни огаҳӣ наметавонанд интиқоли барқ ба истеъмолгаронро қатъ намоянд, яъне мо бояд истеъмолгарро аввал огоҳ ва сипас интиқоли барқро ба ӯ қатъ созем.

«Смарт-ҳисобкунакҳо ҷиҳати бидуни ҳузури нозир ё устои барқ қатъ кардани интиқоли барқ ба қарздорон имкон медиҳанд, зеро ин низоми автоматӣ аст, вале дар Душанбе алҳол ҳисобкунакҳои электронӣ боқӣ мемонанд ва аз ин рӯ, интиқоли барқ ба қарздоронро нозирон қатъ мекунанд», - гуфт намояндаи «Барқи тоҷик».

Зимнан зикр гардид, ки «Амонатбонк» ба низом насб шуда, баъди пардохти маблағ огоҳинома дарҳол ба низоми биллингӣ меояд, вале интиқоли барқ фаврӣ барқарор намешавад, зеро бинобар сабаби эҳтимоли хомӯш набудани таҷҳизоту дастгоҳҳои барқӣ дар манзил ё дафтари кории истеъмолгар, ин амал хатарнок аст ва аз ин рӯ, мизоҷ бояд ба рақами телефони фаъоли ширкат занг зада, омодагии худ ба қабули барқро тасдиқ кунад. Ин ҷо сухан сари смарт-ҳисобкунакҳо меравад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки низоми биллингӣ ва ҳисобкунакҳои зеҳнӣ метавонанд сарбории истифодаи барқи мизоҷро назорат кунанд ва ҳисобкунакро метавон тарзе ба кор омода намуд, ки мизоҷ дар як вақт аз 10 квт барқ зиёд истифода бурда натавонад, вале ин имкон алҳол аз ҷониьи «Барқи тоҷик» истифода намешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқ соли 2005 нав шуда буданд, аз ин рӯ, ивази онҳо ба смарт-ҳисобкунакҳо, ки дар Хуҷанд ба аври густарда истифода мешаванд, пешбинӣ нашудааст. Дар пойтахт ба ҳар як ҳисобкунак чип насб мешавад, ки тариқи он бидуни кумаки нозири барқ ҳаҷми истифодаи барқ ва маблағи пешпардохт сабт ва ҳисобу китоб мешаванд.

Ҷорисозии низоми биллингии баҳисобгириву назорати истифода ва пардохти маблағи нерӯи барқ минбаъд дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар пешбинӣ шудааст.