Ду ширкати бузурги давлатии Ӯзбекистон,- Бунёди дастгирии содироти корхонаҳои соҳибкории хурд ва “Узтрейд” ният доранд, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Ӯзбекистон, Бунёди дастгирии содирот, ниҳоди тобеи Бонки миллии ин кишвар намояндагияшро ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд боз хоҳад кард.

Қайд мешавад, ки ахиран намояндагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ дар ҳаҷми як миллион доллар шартнома бастаанд: “Ҳамчунин барои зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ, нассоҷӣ, аз қабили собун, маҳсулоти тайёр аз гипс, қубурҳо, масолеҳи сантехникӣ ва ғайра бо соҳибкорони дигар гуфтугӯҳо идома доранд”.

Гуфта мешавад, сохтани маркази тиҷоратии "Узтрейд Тоҷикистон" низ барои зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ва қавӣ кардани мавқеи он дар бозори маҳаллӣ нақш хоҳад гузошт.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар нимсолаи аввали 2017 гардиши савдои ин кишвар бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар умум 13% ва бо Тоҷикистон 22% афзоиш ёфтааст.