Камбуди сӯзишвории реактивӣ дар Русия ва Қазоқистон ба боздошта шудани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам дар Тоҷикистон боис шуда метавонад.

Авиакеросин ба Тоҷикистон асосан аз Русия оварда мешавад. Гузашта аз ин, дар робита ба камбуди ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд, ки дар шаҳрҳои Қазоқистон фуруд омада, сӯзишворӣ гиранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон низ вазъ дар ин самт ба мушкилӣ печидааст. Ширкати Air Astana изҳор доштааст, ки бинобар сабаби қатъи интиқоли авиакеросин аз Русия ва ба наздикӣ мутаваққиф шудани фаъолияти корхонаи коркарди нафти Чимкент, таъмини парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам дар Қазоқистон душвор шудааст.

Аз ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», ки дар Тоҷикистон ягона ширкати дорои ҳуқуқи таъминот бо сӯзишвории ҳавопаймоҳо аст, иттилоъ доданд, ки айни замон оид ба дастрасӣ ба сӯзишвории авиатсионӣ аз Русия ҳеҷ мушкилие надошта, ин навъи сӯзишвориро мувофиқи пешпардохт аз Русия мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, эътироф намуданд, ки нимаи дуюми имсол ширкат маҷбур шуд, ки интиқоли сӯзишвориро аз 3,5 ҳазор то 2 ҳазор тонна дар як моҳ коҳиш бидиҳад, зеро ширкатҳои тоҷикистонӣ ба пардохти пурраи маблағи сӯзишвории гирифтаашон имкон надоранд ва дар навбати худ, онҳо ҳаҷми зарурии сӯзишвориро аз Русия дастрас карда наметавонанд.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи имкон агар сӯзишворӣ кифоя бошад, ҳавопаймоҳои ширкатҳо бидуни ҳеҷ мушкилие бо он таъмин карда мешаванд.

Ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ то ҳанӯз ҳангоми иҷрои парвозҳо ба самтҳои дур ба нишасти маҷбурӣ дар фурудгоҳҳои Қазоқистон барои пур кардани норасоии сӯзишворӣ идома медиҳанд.

Дар ширкати «Сомон Эйр» гуфтанд, то ҳол нишасти ҳавопаймоҳои онҳо барои пур кардани норасоии сӯзишворӣ идома дошта, вале аз шарҳи вазъ доир ба дастрасии авиакеросин дар фурудгоҳҳои Қазоқистон худдорӣ карданд.

Қаблан аввали моҳи сентябр «Сомон Эйр» расман эълом дошта буд, ки бинобар сабаби пур кардани норасоии сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишварҳи ҳамсоя, вақти парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат як соат бештар мешавад.