Дар остонаи ҷашни Рӯзи соҳибкорон, ки дар Тоҷикистон ҳамасола санаи 14 октябр таҷлил мегардад, бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 13 октябр дар шаҳри Данғара форуми байнулмилалии иқтисодии «Данғара-2017» доир мегардад.

«Ҳадафи аслии баргузории форум пешниҳоди маълумот ба сохторҳои тиҷоратӣ, доираҳои ҷамъиятӣ ва илмӣ, ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ доир ба имконоти сармоягузорӣ ба вилояти Хатлон аст», - хабар медиҳанд дастандаркорони чорабинӣ.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҳамоиш бо имтиёзҳои минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» аз наздик ошно гардида, роҳандозии ҳамкориҳои байни ширкатҳои даъватшуда ва соҳибкорони маҳаллӣ дар назар аст.

Дар кори форум аз иштироки намоядагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ, кормандони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ҳамчунин беш аз 250 нафар намояндагони доирахои корӣ аз Чину Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистону Русия, Ӯзбекистону Қирғизистон ва дигар кишварҳо интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи ҳамноми вилояти Хатлон, зодгоҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони наздики 552 гектар ҷойгир шудааст.

Шурӯъ аз соли 2014 санаи 14 октябр дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз Президенти мамлакат маъмулан бо намояндагони доираҳои соҳибкориву тиҷорати ҷумҳурӣ мулоқот карда, масоили муҳиму рӯзмарраи ин соҳаро баррасӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.