Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар бораи коҳиши нархи зироати ғалладона аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он дар Русия ва Иттиҳоди Аврупо маълумот медиҳад.

Дар маълумоти ФАО қайд мешавад, ки дар партави пешгӯиҳои мусбати ҳосили зироати ғалладона индекси он 1 фоиз поин рафта, ин ба афзоиши истеҳсоли гандум дар Иттиҳоди Аврупо, Русия ва ҷуворимакка дар Чин ва ИМА вобаста аст.

Бино ба маълумоти ташкилот, соли 2018 ҳаҷми захираҳои зироати ғалладона дар ҷаҳон ба нишондиҳандаи рекордии нав - 720,5 млн. тонна расида, ин ба болоравии нишондиҳандаи захира ба талаботи истеъмол боис мегардад, ки ба ташаккули нархҳо таъсир мерасонад.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба зироати ғаладона айни замон тақрибан 2,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ки наздики 1,5 млн. тоннаш дар дохили кишваристеҳсол шуда, боз ҳудуди 1 млн. тонна боқимонда аз хориҷи кишвар, асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ қариб 450 ҳазор тонна гандум ворид шуда, нархи миёнаи ҳар як тоннаи он 207 долларро ташкил дод.

Ғайр аз ин, дар ин давра ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 265 доллар беш аз 26 ҳазор тонна орд ворид гардида, дар дохили ҷумҳурӣ ҳудуди 315 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст.

Арзиши чаканаи орд дар минтақаҳои Тоҷикистон гуногун аст. Масалан, дар вилояти Суғд як халта орди 50-килограммаи навъи якум - то 160 сомонӣ, Хоруғ - 175 сомонӣ ва шаҳри Душанбе - 170 сомонӣ нарх дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.