Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намоишгоҳ то 14 октябр идома меёбад.

Акс аз Радиои Озодӣ

Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо  пешниҳод гардидааст.

Акс аз Радиои Озодӣ

Аз маҳсулоти саноати сабук ресмони пахтагӣ ва матоъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва ресандагӣ, ҷӯроб, пӯсти коркардшудаи вет-блю, қолин, нахи абрешим ва маҳсулоти хӯрокворӣ пешкаш гардидааст.

Акс аз Радиои Озодӣ

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки охири соли гузашта дар Душанбе доир гардид, дар бораи баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ва ҳамоишҳои соҳибкорони ҳарду кишвар дар пойтахтҳои давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Нимаи моҳи апрели соли равон дар Душанбе нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон доир гардида, дар чорабинии чоррӯза беш аз 160 ширкати кишвари ҳамсоя зиёда аз 1,5 ҳазор номгӯи маҳсулоти худро пешкаш карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ин чорабинӣ ва ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ба маблағи умумии беш аз 35 млн. доллар қариб бист санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.