Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 11 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, ҷонибҳо ҷиҳати таҳвили маҳсулоти консервшуда ва содироти сементу дигар молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҳамсоякишвар тавофуқ ҳосил карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишвар дар бораи таъсиси Шӯрои кории «Тоҷикистон - Ӯзбекистон» Созишнома ба имзо расидааст.

Ҳамчунин байни ширкати ӯзбекистонии «Кварс» ва корхонаи истеҳсоли консерваҳои ба номи Ҳасанови шаҳри Исфара (аз сабзавоту мева) ёддошти имзои қарордод оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, миёни ООО «Ғаюр» ва ширкати NOVA-и Ӯзбекистон дар бораи фурӯши масолеҳи сохтмон, байни ширкати «Элегант» ва «Навинтеркомлюкс» (Ӯзбекистон) созишномаи нияти ҳамкорӣ ва байни ҶДММ «Кедр» ва АО UZRADE (Ӯзбекистон) созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ва таҳвили молу маҳсулот ба имзо расидаанд.

Аз рӯи натиҷаҳои форум дар маҷмӯъ беш аз 20 қарордод ва 6 ёддошт дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расида, лекин Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ маблағи онҳоро зикр намекунад, ҳарчанд чанде аз ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки аз рӯи натиҷаҳои рӯзи аввали намоишгоҳи Тоҷикистон дар Тошканд ба маблағи 20 млн. доллар қарордодҳо ба имзо расидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.