Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Бренди Соли 2017», ки аз ҷониби Маркази патентии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Спитамен бонк» дар номинатсияи «Фаъолияти бонкӣ» ба Ҷоизаи тиллоии озмун сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки «Спитамен бонк» бори аввал дар озмуни мазкур ширкат варзида, миёни чор бонки кишвар соҳиб гардидан ба ин ҷоиза барои бонк ифтихори бузург аст.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони озмун, довталабон аз лиҳози шинохти бренд (тамға), ки бояд беш аз 40%-ро ташкил диҳад, баҳогузорӣ шуданд.

Мукофоти асосӣ барои «Спитамен Бонк» пеш аз ҳама, эътимоди муштариён буда, маҳз барои ҳамин бонк кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи баланду хушсифати хизматгузориро таъмин намояд.

Дар бонк робита бо муштариён тариқи тамоми воситаҳои дастрас ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бо бонк дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос шудан имконпазир мебошад. Масалан дар шабакаи Facebook (https://www.facebook.com/spitamenbonk/) мутахассиси бонк ҳамарӯза наздики 15 саволу дархост, арзу шикоят ва пешниҳодҳоро қабул мекунад.