Зимни ироаи Паёми ҳамасола ба парлумон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин оид ба солимгардонии ду бонки низомсози кишвар - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» нақшаи тадбирҳои иловагӣ таҳия карда шавад.

Тадбирҳои қаблан дар мавриди ин масъала амалишударо Сарвари давлат ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои рушдёфта, дар сиёсати пуливу қарзӣ ва ба сурати умум дар соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ислоҳот роҳандозӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон «бо мақсади роҳандозии рақобати солим дар бозори хизматгузории бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҳамчунин афзоиши сармоягузорӣ» ба соҳаи бонкӣ, дастур дод, ки ҳаҷми сармояи ҳадди ақали оинномавӣ 30 млн. сомонӣ - аз 80 млн. сомонии ҳозира то ба 50 млн. сомонӣ кам карда шавад.

«Яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонкӣ ва пуливу қарзӣ мебошад», - илова кард Сарвари давлат.