Зимни мулоқоти раисони Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон - Саид Шариф ва Ӯзбекистон - Ботурҷон Асадов дар Душанбе ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки намоишгоҳи навбатии молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар пойтахти Тоҷикистон моҳи март баргузор мешавад.

Зимни мулоқот Шариф Саид ба мусоидат ҷиҳати ташкили ин чорабинӣ дар сатҳи баланд омодагӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар ҷараёни он имзои қарордодҳои зиёде миёни корхонаву ширкатҳои кишварҳо дар назар аст, ки дар навбати худ ба рушди бештари муносибатҳои дуҷониба, муколама байни соҳибкорон ва афзоиши нишондиҳандаҳои тиҷоративу иқтисодии давлатҳо мусоидат мекунанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҷонибҳо ба намоишгоҳ ва ҳамоишҳои кории баргузоршуда дар соли 2017 баҳои баланд дода, қайд карданд, ки онҳо муваффақона сурат гирифта, ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшиданд.

Гуфта мешавад, баъди вохӯрӣ меҳмонон бо мақсади интихоби ҷойи баргузории намоишгоҳ аз якчанд иншоот боздид намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.