Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода зимни нишасти хубарӣ изҳор дошт, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ имрӯз яке аз мушкилоти рӯзмарраи шаҳр буда, тасмим гирифта шудааст, ки парк (мошинсарой) бунёд карда мешавад.

«Шаҳр парки давлатии нақлиёти ҷамъиятӣ надошта, дар ин самт якчанд ширкатҳои хусусии нақлиётӣ фаъолият доранд, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ нестанд, - иброз дошт ӯ. - Аз ин рӯ, қарор додем, ки парки КВД «Бохтарнақлиётхизматрасон» таъсис диҳем».

Ба қавли раиси шаҳр, миқдори аввали иборат аз 16 автобус дар доираи як лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдиду рушд нимсолаи аввал ба шаҳр оварда хоҳад шуд.

«Муҳлати амалисозии лоиҳа то соли 2021 пешбинӣ шуда, маблағи умумиаш 10 млн. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи ин лоиҳа парк бо 35 автобус ва беш аз 100 мошини сабукрави таксӣ таъмин мешавад», - қайд кард Исмоилзода.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки барои бунёди парки нав 4,5 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, ба сохтмони он 2 млн. доллар маблағ масраф мегардад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа айни замон 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 35 млн. доллар мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.