Рақобати зиёд ба он боис гардид, ки соли 2017 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 281 субъекти соҳибкорӣ фаъолияти худро қатъ карданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз шумори умумии соҳибкороне, ки ба фаъолияти худ хотима бахшиданд, зиёда аз 28 ҳазору 471 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ ва наздики 1 ҳазору 810 нафарашон - шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Бино ба иттилои раиси Кумита, соли 2017 дар Тоҷикистон 301,3 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият намуданд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 4,4 фоиз зиёдтар аст.

«Сабабҳо зиёданд ва яке аз сабабҳои асосӣ - рақобати зиёд дар бозор аст. Корхонаҳоро боз мекунанд, вале фаъолият карда натавониста, лозим меояд, ки онро банданд. Гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ дар Тоҷикистон идома дорад», - иброз дошт ӯ.

Дар робита ба масъалаҳои андозбандӣ Ҳамрализода қайд кард, ки ҳукумати Тоҷикистон мудом дар андешаи чӣ гуна имтиёзҳо пешниҳод кардан ба соҳибкорон мебошад, то ки бахши хусусӣ рушд ёбад.

«Мо аз ҳукумат ҷиҳати ҳалли ин масоил дастур гирифтем. Ман гуфта наметавонам, ки қонунгузории андоз монеъа барои рушд аст. Сабабҳо зиёданд, мо таҳлил мекунем. Барои мо муҳим он аст, ки мушкилоти ҳама ба инобат гирифта шавад - ҳам бахши хусусӣ ва ҳам сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ», - қайд кард вай.

Зимнан зикр гардид, ки баҳри дастгирии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон Барномаи дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 таҳия шудааст, ки амалисозии он ҷараён дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.