Палатаи поёнии парлумон имрӯз Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЕС)-ро, ки ҳанӯз соли 2014 дар Бишкек ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ намуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки ин созишнома ба таҳкими ҳамориҳои иқтисодӣ байни кишварҳои узви он нигаронида шудааст.

Созишнома аз ҷониби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ), Чин, Гурҷистон, Покистон, Муғулистон, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалии молӣ аз қабили Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки осиёгии рушд ба ғайра ба тасвиб расидааст.

Ҳадаф аз таъсиси Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баргузории таҳлили иқтисодӣ бо ҷалби олимони иқтисодшинос аз кишварҳои узви Созишнома унвон мешавад.

Ҳикматуллозода қайд кард, ки бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ энергетикаву нақлиёт ва рушди тиҷорат дониста шуда, ба гунаи мисол, дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон 10 лоиҳа амалӣ шуда, боз 11 лоиҳаи дигар дар бахшҳои зикршуда мавриди амалисозӣ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, вазир мушаххасан дар бораи амалӣ шудани маҳз кадом лоиҳаҳо дар доираи Созишномаи зикршуда маълумот надод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.