IFC, ки аъзои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, айни замон, конфронси минтақавиеро гузаронида истодааст, ки ба пешбарии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, аз ҷумла, пули электронӣ, фаъолияти бонкӣ тавассути интернет ва фаъолияи бонкии мобилӣ дар Осиёи Марказӣ, бахшида шудааст.

Чорабинии мазкур як қисми кӯшишҳои фарохи IFC дар самти дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд дар доираи дастрас шудани хизматрасониҳои молиявӣ мебошад, ки чун ҷанбаи муҳими мубориза бар зидди камбизоатӣ ва муҳаррики асосии рушди иқтисод эътироф шудааст.

Конфронс таҳти сарлавҳаи “Хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ: сафари якҷоя ба сӯи муваффақият” гузаронида мешавад ва зиёда аз 130 роҳбарони муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои технологӣ ва корхонаҳои технологии молиявиро ҷамъ овардааст. Ин чорабинӣ як майдонеро барои муҳокима ва баррасии навгониҳо, мушкилот ва имкониятҳо дар бахши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ пешниҳод мекунад. Саросари Осиёи Марказӣ, аксарияти аҳолӣ ва намояндагони тиҷорати хурд низоми расмии молиявиро дастрас шуда наметавонанд, зеро, одатан, онҳо аз муассисаҳои молиявӣ дур истиқомат мекунанд ё ҷойгир шудаанд. Хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, тибқи ақидаи коршиносон, калиди дастгирии онҳо дар доираи гузаронидани пардохтҳо, кушодани суратҳисобҳои амонатӣ ва кафолати қарзҳо мебошад.

«IFC рушди хизматрасониҳои навгон ва устуворро дастгирӣ менамояд» - қайд кард ҷаноби Ролф Берндт, Менеҷери амалия, Амалияи глобалии IFC/Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаи молия, рақобатпазирӣ ва навгонӣ. - Бо ҷорӣ намудани технологияҳои мобилӣ ва моделҳои нави тиҷорат бо мақсади васеъ намудани фарогирии хизматрасониҳои молиявӣ, аксарияти аҳолӣ бо сатҳи пасти даромад, соҳибкорони хурд ва аҳолии деҳот метавонанд ба хизматрасониҳои молиявии муҳим дастрас шаванд. Тибқи ҷанбаи дарозмуддат, ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ , коҳиши камбизоатӣ мусоидат намуда, ба муҳаррики рушди иқтисодӣ табдил меёбад».

Иштирокчиёни конфронс
IFC

Дар давоми якчанд соли наздик, афзоиши талабот барои хизматрасониҳои рақамӣ пешгӯӣ шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, бо паст шудани арзиши смартфонҳо, дар соли 2020, тақрибан 60 фоизи аҳолии кишварҳои рӯ ба тараққиёт, ба шабакаи интернет ба воситаи телефонҳои мобилии худ дастрас мешаванд, хол он ки дар соли 2015  ин меъёр 44 фоизро ташкил медод.

Таваҷҷӯҳи конфронс ба он равона карда шудааст, ки чӣ тавр муассисаҳои молиявӣ метавонанд хизматрасониҳои рақамиро ҷорӣ намоянд, ки барои васеъ кардани заминаи муштариёни ин муасcисаҳо мусоидат менамояд, ва хамчунин чӣ тавр мақомотхои давлатӣ метавонанд масъалаҳои фарогирии молиявиро ба воситаи пешбарии рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ дастгирӣ намоянд,. Ба шарти вуҷуд доштани муҳити муносиб, ин низомҳо метавонанд такони хуб гирифта, зуд ҳаҷми калонро дастрас шаванд.

Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи Лоиҳаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ гузаронида мешавад, ки аз тарафи IFC дар Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизисон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Ин лоиҳа таҳти дастгирии Департаменти рушди байналмиллалии Бритониёи Кабир ва Котиботи давлатии муносибатҳои иқтисодии Швейтсария амалӣ шуда, қисми Амалияи глобалии КБМ ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи молия, рақобатпазирӣ ва навгониҳо мебошад.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ яке аз сарчашмаҳои бузургтарини маблағгузорӣ ва дониш барои кишварҳои рӯ ба тараққиёт мебошад. Ин гурӯҳ панҷ созмони ба ҳам зич алоқаманди зеринро дар бар мегирад: Бонки байналмиллалии навсозӣ ва рушд (ББНР) ва Созмони байналмиллалии рушд (СБР),  ки дар якҷоягӣ Бонки ҷаҳониро ташкил медиҳанд; Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ (IFC); Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (АБКС) ва Созмони байналмилалии танзими баҳсҳои сармоягузорӣ (СБИБС). Ҳар яки ин ташкилотҳо дар миссияи ба мубориза бар зидди камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолии кишварҳои рӯ ба тараққиёт бахшидашуда нақши муайянро ичро мекунанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба сомонаҳои зерин ташриф намоед: www.worldbank.org, www.miga.org, and www.ifc.org.

SECO маркази коршиносӣ ва машваратии Швейтсария оиди ҳама масъалаҳои муҳими бо сиёсати иқтисодӣ алоқаманд мебошад. Фаъолияти SECO дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ ба комёб шудани рушди устувори ҳамаҷониба ва коҳиши камбизоатӣ равона шудааст. Фаъолияти ташкилот аз таъсиси шумораи зиёдтари ҷойҳои кори такмилёфта, баланд бардоштани сатҳи тиҷорат ва рақобатпазирӣ, дастгирии муассисаҳо ва хадамотҳои самарабахш, ва пешбарии иқтисодҳои ба тағйирёбии иқлим тобовар ҳадаф мегирад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба сомонаи зерин ташриф намоед www.seco-cooperation.ch

Департаменти рушди байналмиллалӣ (DFID) нақши пешбарандаро дар доираи фаъолияти Бритониёи Кабир дар самти барҳам додани камбизоатӣ мебозад. Мо дар самти ҳаллу фасли мушкилоти глобалии мурури замон, аз ҷумла чунин мушкилот ба монанди камбизоатӣ ва бемориҳо, мухоҷирати маҷбурӣ, хавфу хатар ва муноқишаҳо амал мекунем. Фаъолияти мо ба сохтани ҷаҳони бехатар, солим ва осудаҳол барои аҳолии кишварҳои рӯ ба тараққи, ва инчунин дар Бритониёи Кабир, равона шудааст.