Дар Душанбе таҳти унвони «Мade in Uzbekistan» намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон доир мегардад, ки дар он 64 корхонаҳои Ӯзбекистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Дилшод Мирсаидов, сардори яке шуъбаҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин намоишгоҳ молу маҳсулоти бахшҳои саноату сохтмон, нақлиёт, коммуникатсия, маводи мавриди ниёзи аввал, техникаи кишоварзии истеҳсоли Ӯзбекистон пешкаш мегардад.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ гӯшаи махсуси маҳсулоти ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон амал хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Мирсаидов қайд кард, ки санаи саҳеҳи баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди мувофиқасозӣ қарор дорад.

Қаблан аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе рӯзҳои 7-9 март баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, кокрарди металлҳо, маҳсулоти бофандагиву ресандагӣ, чарм, қолинҳо, маводи ғизойӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.