Гузаргоҳи роҳи оҳани «Амузанг» имрӯз дар қаламрави ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз намуд.

Ин гузаргоҳ вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо истгоҳи «Хошади»-и вилояти Хатлон пайваст мекунад. Ба наздикӣ тариқи он қатораҳои боркашу мусофирбар аз Ӯзбекистон ба ҷануби Тоҷикистон равуо мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи гузаргоҳ раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон Эркин Турдимов иштирок кардаанд.

Asia-Plus

Тибқи баъзе маълумот ба чорабинии маросими ифтитоҳи гузаргоҳ аз ҷониби Тоҷикистон наздики 5 ҳазор нафар - толибилмону кормандони муассисаҳои давлатии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав сафарбар шудаанд.

Рӯзноманигорони васоити ахбори умуми хусусӣ ва мустақилро ба ин маросим роҳ надода, танҳо шабакаҳои давлатии телевизион наворбардорӣ карданд.

Asia-Plus

Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳо дар самти қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Тирмиз-Қӯрғонтеппа, баъд аз таркиш дар роҳи оҳани ин самт моҳи ноябри соли 2011 қатъ гардида, баъдан баҳори соли 2012 Ӯзбекистон бидуни ҳеҷ огаҳие ба вайрон кардани қитъаҳои ин роҳ ба самти вилояти Хатлон оғоз кард.

Баъди ин Тоҷикистон баҳри пайвсат кардани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон бо ҷаҳони беруна ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб оғоз намуд. Дар сохтмони ин роҳ қариб 500 млн. сомонӣ маблағ сарф шуда, он моҳи августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.