Дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия дар мавзӯи «Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур соҳибкорони аврупоӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва намояндагони дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Мақсади асосии мизи мудаввар муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Дар кори он муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо рӯнамо баромад намуда, ҳозиринро бо имкониятҳои кишвар дар самти энергетика, кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ шинос намуд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, ки барои сайёҳони аврупоӣ ва сайёҳони дигар кишварҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.