Дар пойтахти Тоҷикистон  санаи 7 апрел маросими идонаи кушодашавии мағозаи нахустини фирмавии ширкати Huawei, инчунин муаррифии модели нави Huawei P Smart баргузор гардид. Дар рафҳои мағозаи нав номгӯи васеи  маҳсулоти истеъмолии ширкат: смартфонҳо, планшетҳо, дастгоҳҳои сайёр, роутерҳо ва лавозимоти Huawei пешниҳод шудааст.

- Осиёи Марказӣ яке аз бозорҳои  босуръат рушдкунанда ва дорои дурнамои хуб барои истеҳсолкунандагони смартфонҳо мебошад. Мо дар Huawei  дар бозори мазкур иқтидори бузургро мебинем ва барои мустаҳкамкунии мавқеи худ дар он қадамҳои ҷиддиро пеш гирифтаем. Кушодашавии мағозаи ширкат - қадами муҳим на танҳо барои худи ширкат, балки барои бозори техникаи мобилии Тоҷикистон аст. Бо ин Huawei метавонад шинохта шудан ва номгӯи маҳсулоти худро, ки дар кишвар пешниҳод шудааст, васеъ гардонад ва ҳамчунин дар соҳаи  хизматрасонии истифодабарандагони таҷҳизоту дастгоҳҳо мавқеи пешбарро ишғол намояд, - гуфтанд дар рафти баромади худ дар маросими кушодашавӣ намояндагони бизнес-гурӯҳ оиди кор бо истеъмолгарони маҳсулоти ширкати Huawei дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

1/23

Дар рӯзи кушодашавӣ барои харидорони нахустин тахфифи 50% ба як қатор моделҳо пешбинӣ шуда буданд, соҳибони аввалини смартфонҳои Huawei P Smart селфи-триподҳоро тӯҳфа гирифтанд. Huawei P Smart, ки бо пайгирии саҳеҳи анъанаҳои муосир дар соҳаи барориши смартфонҳо коркард шудааст, таносуби хуби нарху сифатро дорад. Аломати хоссаи маҳсули нав - танаи хушнамо аз алюминий, лавҳи калони FullView ва камераи дукарата бо модулҳои 13 ва 2 мегапиксел мебошанд. Дар аёни замон - ин беҳтарин пешниҳоди нархӣ дар гурӯҳи маҳсулоти мазкур дар бозори Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар хотима директори иҷроияи ширкати Mobilka, дистрибютери расмии Huawei  Мухсин Маликов илова кард, ки  ба истеъмолгароне, ки маҳсулоти Huawei-ро бевосита дар бренд-шоп, ҳамчунин дар нуқтаҳои фурӯши Mobilka харидорӣ мекунанд, дистрибютор кафолати солона медиҳад, дар ҳолати зарурати таъмири телефон онҳо метавонанд ба маркази хизматрасонӣ дар ЦУМ муроҷиат кунанд.

Илова менамоем, ки маҳсули нави  Huawei P smart дар се ранг пешниҳод шудааст: сиёҳи нимашаб, кабуди ултрамарин ва тиллои платина.

Дар маросими бозии бурди ҷоизаҳо сардабири рӯзномаи «Миллат» Адолати Мирзо ба ҷоизаи асосӣ - смартфони Huawei P Smart соҳиб гардид.

Тавсифоти P Smart:

Лавҳ

Диагонал - 5.65 дм. Тасвир FHD+ 1080p. Таносуби тарафҳо 18:9

2.5D бо канорҳои даврашуда

Хотираи амалиётӣ

3 Гб

Хотираи доимӣ

32 Гб

Протсессор

Ҳаштядроӣ  Kirin 659. 4 ядро 2.36Ггтс + 4 ядро 1.7Ггтс

Камера

Дукарата 13Mп+2Mп

Низоми амалиётӣ

Android 8.0 бо рӯпӯши фирмавии EMUI 8.0

Аккумулятор

3000мАч, 5V2A

Дар бораи  HUAWEI

Маҳсулот ва хизматрасонии ширкати HUAWEI дар зиёда аз 170 кишвар дастрас мебошанд ва аз ҷониби сеяки аҳолии ҷаҳон истифода мешаванд. 16 маркази тадқиқотӣ дар Германия, Ҳиндустон, Хитой, Россия, ИМА ва Шветсия кушода шуданд. HUAWEI Consumer BG (Business Group) - яке аз се зерсохтори ширкати HUAWEI мебошад, ки бо истеҳсоли смартфонҳо, компутерҳо, планшетҳо, дастгоҳҳои сайёр ва хизматрасонии нигоҳдории маълумот машғул аст. Шабакаи умумиҷаҳонии ширкати HUAWEI дорои таҷрибаи 30 сола дар соҳаи телекоммуникатсия  мебошад ва маҳсулҳои навтарини технологиро ба истеъмолкунандагони ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. HUAWEI Consumer BG маҳсулотро барои одамоне истеҳсол мекунад, ки ба орзуҳои худ мерасанд, ба мушкилот бошуҷоат тоб меоранд ва ба мақсадҳои гузоштаашон ноил мешаванд.