Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаҳои қаблан баимзорасида доир ба дастрасии грантҳоро тасдиқ кард.

Вакилони мардумӣ Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро тасдиқ намуд. Дар доираи ин созишнома Япония барои сохтмони як зеристгоҳ ва таъмиру навсозии боз як зеристгоҳи дигари барқӣ 20 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Ҳамчунин Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд тасдиқ шуд. Дар чаҳорчӯби он ҷудо шудани наздики 14 млн. евро (беш аз 17 млн. доллар) барои азхудкунӣ ва обёрии беш аз 34 ҳазор гектар замин дар ин ҳавза пешбинӣ шудааст.

Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ низ тасдиқ шуда, дар доираи он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 60 млн. доллар қарзи имтиёнок ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, Мактуб-созишнома байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» низ тасдиқ шуд. Қарзи мазкур дар ҳаҷми 5 млн. доллар ба омӯзиши мушкилоти таҳшини лойқабандии обанбори нерӯгоҳи Норак равона мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.