Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар доираи ташрифи худ ба Тоҷикистон Ҳайати намояндагии Хазина таҳти сарварии хонум Падамжа Ханделвал дар баробари шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, инчунин ба ҶСК “НБО Роғун” ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ аз ин иншооти бузурги стратегӣ сафар карданд.

Ҳайати намояндагии ХБА-рро ба ҶСК “НБО Роғун” Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳамроҳӣ намуд.

Зимни ташриф ба ҶСК “НБО Роғун” бо Ҳайати ХБА мулоқот доир гардид. Дар интиҳо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба нерӯгоҳи обии барқии Роғун, аҳамият ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва мавқеи он барои минтақаи Осиёи Марказӣ, зарурати ҷалби сармоягузорӣ баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд изҳори назар кард.

Дар идома, муовини директори ҶСК “НБО Роғун” Маҳмадсаид Шамсуллозода дар бораи таҳияи лоиҳаи ин иншоот, хусусиятҳои техникӣ, гидроэнергетикӣ ва аз ҷиҳати техникӣ, сейсмикӣ устувор будани он маълумоти муфассал манзур намуд.

Роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал баъди шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ зимни ташриф аз иншоотҳои сохтмонии НБО Роғун лоиҳаи мазкурро иншооти хеле бузург ва стратегӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон кори хеле бузургро азм кардааст.

Дар баробари ин, дар рафти муҳокимаи пурмуҳтаво хонум Падамжа Ханделвал ба суолҳои худ оид ба хусусиятҳои иқтисодии лоиҳа, қудрати истеҳсол ва содироти қувваи барқ баъди анҷом ёфтани иншоот посухҳои мушаххас гирифт.

Боиси тазаккур аст, ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки роҳбари ХБА оид ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз санаи 12 то 23 майи соли 2018 бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷиҳати таҳияи шарҳи иқтисодӣ оид ба Тоҷикистон, бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор доранд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.