Вуруди востаҳои нақлиёт аз Ӯзбекистон ба қаламрави Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта танҳо бо доштани полиси суғурта сурат мегирад. Аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст.

«Бар пояи қарори санаи 4 май қабулшудаи ҳукумати ҷумҳурӣ, аз 12 майи соли ҷорӣ вуруди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, дигар мошинҳои худрав ва механизмҳо аз Ӯзбекистон ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон тариқи полиси суғурта амалӣ мешавад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари шуъбаи кадрҳо ва иттилооти КВД «Тоҷиксуғурта» Аломуддин Алиев.

Масалан, ба гуфтаи ӯ, маблағи суғурта барои ронандагони автомашинаҳои сабукрав 461,25 сомонӣ (наздики 52 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Алиев изҳор дошт, ки боҷҳои суғуртавӣ барои вуруди автомашинаҳои боркаш аз Ӯзбекистон - дар ҳаҷми 768,75 сомонӣ, автобусҳо - 615 сомонӣ, микроавтобусҳо - 553,50 сомонӣ, трактор, комбайн ва дигар мошинҳои худраву механизмҳо - 307,50 сомонӣ ва дучархаҳо - 215,25 сомонӣ муқаррар шудааст. Муҳлати амали полиси суғуртавӣ 1 моҳро ташкил медиҳад.

Намояндаи «Тоҷиксуғурта» зикр кард, ки меъёрҳои маблағи аз ҷониби Тоҷикистон муқарраршуда барои полиси суғурта қариб дар як сатҳ бо меъёрҳои муқарраршудаи Ӯзбекистон барои вуруди воситаҳои нақлиёт аз Тоҷикистон ба қаламрави Ӯзбекистон қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.