Палатаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб, қитъаи Кӯлоб-Шӯрообод ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб»-ро тасдиқ намуд.

Дар доираи ин санади қаблан баимзорасида Фонди рушди иқтисодии арабии Кувейт ба ҳукумати Тоҷикистон беш аз 25 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Созишнома моҳи марти соли ҷорӣ ба тасвиб расида, рӯзи 16 май дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикитсон аз ҷониби вакилони парлумон маъқул шуморида шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар чаҳорчӯби созишнома Фонди Кувейт ҷиҳати таъмиру навсозии ду қитъаи роҳи мошингарди бараш 10 метри Кӯлоб - Қалъаи Хумб: 32 километр аз шаҳри Кӯлоб то Шӯрообод ва 26 километр аз Шкев то Қалъаи Хумб 25,5 млн. доллар маблағ ихтисос медиҳад.

Маблағи умумии лоиҳа 115,5 млн. долларро ташкил медиҳад. Арзиши умумии буҷетии лоиҳа бо шумули ҳолатҳои ғайримунтазира ва фоизҳо дар давраи амалисозӣ, тақрибан 150 млн. доллар арзёбӣ шуда, муҳлати пардохти қарз 24 сол муқаррар шудааст.

Интизорӣ меравад, ки амалисозии лоиҳаи мазкур соли равон оғоз гардида, соли 2022 ба итмом мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.