Ҳукумати Тоҷикистон ба азнавсозии сохтори ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода, дар заминаи он ду ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода мешаванд.

«Тавассути азнавташкилдиҳӣ таҳти идоракунииии «Барқи тоҷик» Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад», - омадааст дар қарори ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мувофиқи ин санад, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ в аидораи амволи давлатӣ дастур дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо «Барқи тоҷик» масъалаҳои навсозии ҷамъиятҳоро ҳаллу фасл намуда, «ба фаъолият оид ба интиқол ва тақсимоти барқ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва дигар таҷҳизоти барқии марбут ба ин самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир созанд».

Вазорати энергетика дар ҳамдастӣ бо «Барқи тоҷик» ва Кумитаи андоз дар муҳлати се моҳ бояд ҳуқуқҳои амволӣ ва уҳдадориҳои ҷамъиятҳои зикршударо муайян намуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки дар муҳлати се моҳ ба ҳукумат дар бораи ба мутобиқат овардани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи қарори мазкур пешниҳодҳо омода гардида, масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳҳомии таъсисмеёфта пурра ҳал шавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» соли 2018 ба нақша гирифта шуда, он аз се марҳила - тиҷоратикунонӣ (солҳои 2011-2013), рақобатпазирӣ (солҳои 2014-2015) ва хусусигардонӣ (солҳои 2016-2018) иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.