Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи то ба 2 млрд. расонидани ҳаҷми муомилдоти моли дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

Ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол ба кишварҳо Харитаи махсуси роҳ кумак мекунад, ки моҳи марти соли равон дар вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев қабул шуда буд.

Амалисозии бандҳои Харитаи роҳро ҳафтаи гузашта дар Остона муовини аввали раиси Кумитаи рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ва муовини вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Дана Жунусова баррасӣ намуданд.

«Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, лоиҳаи муштараки «Харитаи роҳ»-ро, ки иҷрои тадбирҳои афзоиши муомилоти мол, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодро таъмин мекунад, баррасӣ карданд», - қайд мешавад дар маълумоти Вазорат рушди иқтисоди ҶТ.

Соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 838,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 - 24,1% зиёдтар аст.

Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо 268,5 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% бештар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.