Ба қатораҳои Тоҷикистон савор кардан ва фаровардани мусофирон дар се истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳрҳои Ӯзбекистон иҷоза шуд.

Ин иқдом бар асоси протоколи баимзорасида аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон нимаи моҳи июли соли равон дар шаҳри Фарғона амалӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, акнун дар истгоҳҳои роҳи оҳани Тирмиз, Қаршӣ ва Самарқанди Ӯзбекистон фаровардан ва савор шудани мусофирон, инчунин дастрас намудани чипта барои истифодаи хизматрасонии қатораҳои мусофирбарии байналмилалии Тоҷикистон имконпазир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба мусофироне, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон пешакӣ дар қатораҳои мусофирбари байналмилалии Душанбе-Москва-Душанбе, Кӯлоб-Москва-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд чипта харидорӣ менамоянд, вобаста ба муҳлати хариди билет ва навъи вагон аз 10 то 25% сабукиҳо (тахфиф, камшавии нарх) пешбинӣ шудааст.

“Инчунин барои интиқоли транзитии ҳамаи намуди борҳо тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардид”, - омадааст дар маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин барои содироти бор аз Тоҷикистон дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес, Қудуқлӣ-Қарақалпокистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Қарақалпокистон ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ-20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.