Шаҳрвандони Тоҷикистон зимни фиристодани пул ба шаҳрвандони кишварҳои дигар ба мушкилӣ дучор меоянд. Ин мушкилиҳо ба меъёрҳои қонунгузории бонкӣ ваобастаанд, ки кайҳо қабул шуда, лекин акнун ҳамаҷониба мавриди амал қарор гирифтаанд.

Дар Дастури 204 “Дар бораи тартиби амалисозии амалиёти интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ”, ки соли 2001 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қабул шудааст, гуфта мешавад, “шаҳрвандони ҷумҳурӣ бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ ба хориҷи кишвар асъореро фиристода метавонанд, ки хусусияти иҷтимоӣ ва ғайритиҷоратӣ дошта бошад”.

Дар Дастур ҳолатҳои мушаххасе номбар шудаанд, ки дар онҳо интиқоли пул ба хориҷи кишвар ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷоза дода мешавад.

Дар назар дошта бошед, ки барои фиристодани пул ба шаҳрванди хориҷӣ, дар бонкҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои Дастурро талаб мекунанд.

Солҳои пеш шаҳрвандони кишвар аз ин маҳдудиятҳо шикояте надоштанд, зеро дар нуқтаҳои интиқоли маблағ ба меъёрҳои Дастур он қадр таваҷҷуҳ намекарданд.

Тавре аз бонкҳои тиҷоратӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, моҳи марти соли ҷорӣ Бонки миллӣ дастур додааст, ки ин меъёрҳо дақиқан риоя шаванд ва дар акси ҳол қонуншиканон ҷазои сангин мегиранд.

Ин амалро ба масоили таъмини амният, саҳеҳтараш ба пешгирии маблағгузорӣ ба терроризм ва ифротгароӣ нисбат медиҳанд.

Дар чанде аз бонкҳо ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки айни замон Бонки миллӣ масъалаи қисман бекор кардани ин маҳдудиятҳоро баррасӣ дорад, яъне ояндаи наздик ба Дастур тағйироту иловаҳо ворид карда метавонанд, ки мувофиқи он, дар ниҳояти кор ба интиқоли тахминан 500 доллар ба шаҳрванди кишвари дигар ба тоҷикистониён иҷоза дода мешавад.

Дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуданд, ки дарвоқеъ ҳам ин масъала ба миён гузошта шуда, лекин алҳол ягон тасмими дақиқе аз рӯи он гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.