Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии рӯзи 10 октябр дар Душанбе байни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ як қатор қарордодҳо ба имзо расиданд.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар доираи кори форум имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо саҳми сармояи хориҷӣ аз ҷониби КВД “Талко”, КВД “Тоҷинвест” ва ҶДММ “Авесто Групп” муаррифӣ шуда, якчанд тавофуқҳо ҳосил шуданд.

Дар форум бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва хусусии се кишвар ба масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Дар кори форум беш аз 200 нафар соҳибкорон, роҳбарон ва намояндагони 23 вазоратҳо, ҳамчунин дигар сохтору ташкилотҳои давлатҳо ширкат варзиданд.

“Бисёре аз ширкатҳои Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҷихати кор дар бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, ки ин дар навбати худ, ба ҳамгиройии иқтисоди кишварҳо ва  рушди ҳамкориҳои сеҷониба мусоидат менамояд”, - зикр кард раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев.

Барои иштирок дар кори форум намояндагони 20 ширкати Кореяи Ҷанубӣ, аз чумла ширкатҳои соҳаҳои инноватсионӣ, нақлиётӣ, корхонаҳои электротехникӣ, ҳамчунин намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ташриф оварда, ба фаъолият дар кишвари баландкӯҳ омодагӣ изҳор намуданд.

Дар доираи кори форум  дар шакли В2В гуфтушунидҳо доир гардида, як қатор қарордодҳо ба имзо расиданд ва иштирокчиёни форум ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои Тоҷикистон шинос шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.