Тоҷикистон барои воридоти маснӯоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ба ҷумҳурӣ пардохти махсуси гумрукӣ ҷорӣ намуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснӯоти заргарӣ дар чунин ҳаҷм тасдиқ шавад:

- барои воридоти як грамм маснӯоти заргарӣ аз тилло – 2 доллар;

- барои воридоти як грамм маснӯоти заргарӣ аз нуқра – 0,34 доллар.

Дар матни санад шарҳ дода мешавад, ки пардохти махсуси гумрукӣ бо пули миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи аз ҷониби мақомоти гумрук қабул шудани эъломияи гумрукӣ ё додани маҳсулот сурат мегирад.

Меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснӯоти заргарӣ аз тилло ва нуқра аз 1 сентябрисоли равон ҷорӣ шуд.

Пардохти махсуси гумрукӣ

Мувофиқи меъёрҳои Кодекси гумруки Тоҷикистон, пардохти махсуси гумрукӣ яке аз навъҳои пардохти гумрукӣ мебошад, ки меъёри он аз ҷониби ҳукумат барои воридот ё содироти маҳсулоти муайян муқаррар мегардад.

Дар сурати муқаррар кардани пардохти махсуси гумрукӣ, дигар пардохтҳои гумрукӣ, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон муайян шудаанд, ситонида намешаванд.

Дар қонуни Тоҷикистон “Дар бораи тарифи гумрукӣ” муайян карда мешавад, ки пардохтҳои махсуси гумрукӣ ба сифати тадбири ҳимоя ҷорӣ мешаванд, агар маҳсулот ба қаламрави кишвар бо шарт ва миқдоре оварда шуда бошад, ки ба ширкату корхонаҳои ватании истеҳсолкунандаи ин навъи маҳсулот ё маҳсулоти бевосита рақобатпазир зиён оварад ё чунин хатари зарар вуҷуд дошта бошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.