Ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон муддати панҷ сол аст, ки зимни парвоз маҷбуранд дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя норасоӣ бо сӯзишвориашонро бароварда кунанд. Мусофирон зиёни моддиву маънавӣ дида, касе онро ҷуброн намекунад.

Ин таҷриба аз моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, он замон ягона корхонаи дорои ҳуқуқи фурӯши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон – “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” онро ба норасоии чунин навъи сӯзишворӣ нисбат дод, лекин баъди ин ҳам таҷрибаи дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо нишастани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон барои гирифтани сӯзишворӣ идома ёфт.

Айни замон ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” дар шаҳри Бишкек ва ширкати хусусии ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар шаҳри Тарази Қазоқистон зимни парвоз дубора сӯзишворӣ мегиранд.

“Дубора зимни парвоз фуруд омадан барои гирифтани сӯзишворӣ дар навбати аввал барои мусофирон нороҳатӣ эҷод мекунад. Мо бо ин таҷриба ҳамарӯза дучорем. Лекин сабаб дар ширкати ҳавопаймоӣ нест, инро ҳама медонанд. Ин ба нархи сӯзишвории авиатсионӣ вобаста аст. Нисбат ба дигар кишварҳо ин навъи сӯзишворӣ дар кишвари мо хеле гарон аст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Хайруллоев.

Дар натичаи ин нишастанҳои маҷбурӣ дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо, вақти парвоз зиёд шуда, мусофирон нороҳат ва аз хатсайрҳои транзитӣ дер мемонанд.

Нисбат ба фурудгоҳҳои Қирғизистону Қазоқистон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон нархи сӯзишвории реактивӣ ду маротиба болотар аст.

Аз оғози соли равон арзиши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистн беш аз 30% боло рафта, айни замон “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” як тонна ин навъи сӯзишвориро бо нархи беш аз 1,5 ҳазор доллар (аввали сол – каме бештар аз 1,1 ҳазор доллар) мефурӯшад.

Дар “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” ин ҳолатро ба қиматшавии нафт дар биржаҳо нисбат дода, изҳор мекунанд, ки агар аввали сол як баррел нафт 52 доллар нарх дошт, пас имрӯз он ба 78 доллар расидааст.

Ҳамчунин дар ширкат қайд карданд, ки мувофиқи тағйирот дар қонунгузории Русия, айни замон барои корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар фурӯши сӯзишворӣ дар дохили кишвар бештар фоидаовар шудааст.

То ин дам “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” аз корхонаи коркарди нафти шаҳри Орск бо шароитҳои имтиёзнок сӯзишворӣ мегирифт: Русия Тоҷикистонро зимни содироти ҳама гуна навъи сӯзишворӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кард.

Акнун ин навъи сӯзишворӣ асосан аз Туркманистон ворид мешавад ва “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” ҳангоми содироти он дар ҳаҷми 5% боҷ пардохт мекунад.

Ғайр аз ин, дар ширкат аз қарздориҳои хеле зиёди ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ шикоят доранд, ки бар асари он дар воридоти мунтазами сӯзишворӣ мушкилиҳо эҷод мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.