Ҳукумати Тоҷикистон ба музди меҳнати кормандони мудирият оид ба истифодаи иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун нишондиҳанда (коэффисиент)-и махсус муқаррар намуд. Қарор дахлдори ҳукумат дар ин хусус 30 ноябр қабул шудааст.

Дар қарор дастур дода мешавад, ки ба маоши мансабии кормандони мудирият оид ба истифодабарии иншооти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1,5 нишонидҳандаи махсус муқаррар карда шавад.

Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба таъмини маблағгузории нишондиҳандаи махсуси иловагӣ то мавриди истифода қарор гирифтани ду агрегати аввали нерӯгоҳ вазифадор шудааст.

Маошҳо чӣ қадар аст?

Дар замима ба қарор басти воҳидҳои корӣ (штатҳо) ва музди меҳнати моҳонаи кормандони мудирияти нерӯгоҳи Роғун оварда шудааст.

Дар он қайд мешавад, ки маоши мансабии директори ҶСК “НБО Роғун” 4 ҳазору 600 сомонӣ ва бо назардошти нишондиҳандаи муқарраршуда 6 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши сармуҳандис 4 ҳазору 148 сомонӣ ва бо назардошти нишондиҳанда то 6 ҳазору 223 сомонӣ зиёд мешавад.

Маоши пасттарин дар мудирияти нерӯгоҳи Роғун барои челонгарони дараҷаи 3 – 892 сомонӣ муқаррар шуда, бо нишондиҳандаи махсус он ба 1 ҳазору 337 сомонӣ мерасад.

Дар мудирияти истифодабари иншооти нерӯгоҳи Роғун дар маҷмӯъ 180 нафар кор мекунанд, ки маблағи умумии маоши моҳонаи онҳо 204 ҳазору 867 сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти иловапулии муқарраршуда фонди буҷетии музди меҳнати кормандони мудирияти нерӯгоҳ то 307 ҳазору 301 сомонӣ меафзояд.

Нерӯгоҳи Роғун

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ба кор даровардани агрегати дуюм баҳори соли оянда дар назар аст.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмон, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки иқтидори он (3600 МВт) ба иқтидори 3 блоки энергетикии нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.