Дар ноҳияи Ёвон сохтмони ферма барои 3 ҳазор сар чорвои калони шохдор оғоз гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ферма дар майдони 16 гектар бо дастгирии молии ҶСП “Мармарӣ” бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа 8,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, навбати аввали ферма барои 1 ҳазор сар чорво соли 2020 ба истифода дода мешавад.

“Фаъолияти ферма асосан ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ равона мешавад. Бо пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 600-700 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд”, - хабар дод манбаъ.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз бо ҷараёни корҳои сохтмони ферма шинос шуда, дастур додааст, ки ба сифати кор таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, иншоот саривақт мавриди истифода қарор гирад.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки сохтмони ба ин монанд ферма ба рушди истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти гӯштӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.