Дар зарфи 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми савдои Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ба андозаи 53,4% афзуд. Дар ин бора Синхуа хабар медиҳад.

Ҳаҷми савдои ин минтақа бахусус бо Тоҷикистон зиёд шудааст: ба миқдори 97,3%. Давоми сол ин нишондиҳанда бо Қазоқистону Қирғизистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 70,8% ва 32% афзудааст.

Ба сурати умум ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 80% аз ҳаҷми умумии савдои вилоятро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ҳаҷми савдои дуҷонибаи Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин бо кишварҳои узви ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” 49% зиёд шудааст.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ҳаҷми савдои хориҷии Синтзян нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,4% афзуда, 320,53 млрд юан (тақрибан 45,19 млрд доллар)-ро ташкил додааст.

Соли ҷорӣ дар Вилояти мухтори Синтзян-Уйғури Чин афзоиши босуръати содироти маснуоти заҳматталаб ва электромеханикӣ ба мушоҳида расидааст. Ҳаҷми умумии содироти ин навъи маҳсулот аз рӯи нарх 232,76 млрд юан ё худ 86% аз ҳаҷми умумии содироти вилоятро дар ин давра ташкил додааст.

Бино ба маълуомти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин зиёда аз 1,3 млрд долларро ташкил додааст, ки 21% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Аз ҷумла, содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин 245 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Чин - ҳудуди 1,1 млрд долларро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.