Бар асари сар задани сӯхтор дар ду бозори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон садҳои дӯкону нуқтаҳои фурӯш ба коми оташ рафтанд. Ба зуд паҳншавии оташ шамоли сахт ва корношоям будани автомашинаи оташнишонии ШВКД-и маҳаллӣ мусоидат кардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» сокинони маҳаллӣ хабар доданд, сӯхтор аввал аз мағозаи масолеҳи сохтмон ва маҳсулоти хоҷагиву рӯзгор оғоз шудааст.

«Сӯхтор тақрибан соати 6-и шомгоҳон оғоз гардида, бар асари шамоли сахт алангаи он хеле зуд паҳн шуд ва одамон фурсат надоштанд, ки маҳсулоти худро берун гиранд, - хабар дод яке аз фурӯшандагони бозор. - Ягона чизе, ки наҷоташ муяссар шуд, пули нақд мебошад. Чандин нафар аз оташ захм гирифта, касе қурбон нашудааст».

Дар натиҷаи сӯхтор дӯкон ва нуқтаҳои фурӯши ду бозори ноҳия - марказӣ ва нав осеб дидаанд, ки ин бозорҳо паҳлӯи ҳам ҷойгиранд. Дар ин бозорҳои қариб 1000 нафар машғули кор буданд.

Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, ба дастаҳои оташнишонӣ аз Кӯлобу Восеъ ва Ҳамадонӣ танҳо соати 10-и шаб фурӯ нишондани оташ муясссар гардида, ягона автомашинаи оташнишонии ШВКД-и маҳаллӣ бинобар сабаби корношоям будан, ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда натавонистааст.

Комиссияи махсуси иборат аз намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура ва КДАМ  имрӯз дар ҷойи ҳодиса ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтор шурӯъ намуданд.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар фурсати наздиктарин Вазорат дар бораи сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми осеби расида маълумоти пешакӣ интишор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.