Танҳо дар як шабонарӯз - 3 июн зери архи автомашинаҳо дар Тоҷикистон 3 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 6-солаи сокини деҳаи Сафобахшро пахш намудааст, ки дар натиҷа писарбачаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Соҳилӣ аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, рақами қайди давлатӣ ва шахсияташ номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба самти ҷамоати шаҳраки Сомониён, дар ҳудуди деҳаи Табибони ноҳияи Рӯдакӣ писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи зикргардидаро пахш намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар ҳодисаи ахир ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, таҳқиқи ҳодисаҳо идома доранд ва барои муайян ва дастгир намудани ронандаи автомашинаи «Портер» чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд.